Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Клинтон бо вазирони Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Вошингтон бо ҳамтоёни ҷопонӣ ва Кореяи Ҷанубии худ мулоқот кард. Хонум Клинтон мегӯяд, онҳо дар бораи "нигарониҳои маргбор" аз ҳамлаҳои таҳрикомези Кореяи Шимолӣ ҳамақида ҳастанд. Мулоқоти Ҳилларӣ Клинтон бо Ким Сунг Ҳванг- вазири корҳои хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ва Сейҷӣ Маҳера-вазири корҳои хориҷаи Ҷопон баъд аз ду ҳафтаи ҳамлаи Кореяи Шимолӣ ба яке аз ҷазираҳои Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Вазири хориҷаи ин ду кишвар мегӯянд, ки онҳо дар оянда хостори ҳамкорӣ бо Русияву Чин дар ин самт мебошанд. Рӯзи якшанбе дар як сӯҳбати телефонӣ Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин хост, ки дар ин замина бо Амрико ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ кунад ва ба Кореяи Шимолӣ паём фиристад, ки ин аъмоли таҳрикомезаш ғайри қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG