Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Бобишо Шоев


Бобишо Шоев, раиси корхонаи манзилию коммуналии назди ширкати «Нафту газ ва ангишт», ба иттиҳоми таққаллубкорӣ боздошт шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Шоев парвандаи ҷиноӣ боз карда ва тафтиши парвандаи ӯ идома дорад.

Корхонае, ки ҷаноби Шоев раҳбарии онро бар дӯш дошт, бештар хадамоти манзилӣ ва коммуналиро анҷом медод ва гуфта мешавад, боздошти ӯ низ бар асоси шикояти гурӯҳе аз сокинони шаҳраки Нефтяники ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар 20 километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Боздошт ба иттиҳоми тақаллуб

Сокинони шаҳраки Нефтяники иддао доранд, ки Бобишо Шоев бо тақаллубкорӣ санадҳоеро таҳия кардааст, ки дар асл ҳеҷ гуна кореро корхонаи манзилӣ ва коммуналӣ ба раёсати Шоев анҷом надодааст. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли пеш низ дармонгоҳи ин маҳалла хусусӣ карда шуда ва фурӯхта шуда буд.

Масъулони корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газ ва ангишт», ниҳоди вобаста ба вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, хабари боздошти Бобишо Шоев, раиси муассисаи манзилӣ ва комуналиро таъйид карданд, аммо робитаи ин қазия ба корхонаро рад карданд.

Саидҷон Саидраҳмонов, раиси ширкати «Нафту газ ва ангишт» ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин ба корхонаи мо рабте надорад. Аммо муассисаи манзилию коммуналӣ корхонаи фаръӣ аст ва ман намедонам, ки дар ихтиёри вай чи ҳаст. Шояд инҷо баҳси шаҳрвандӣ бошад. Ман хабаре надорам».

Ҷамшед Сангов, сардори раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон низ бо он, ки мегӯяд Бобишо Шоев боздошт шуда ва парвандаи ӯ мавриди бозрасии додситонӣ қарор дорад, аммо ба иллати халал нарасондан ба таҳқиқи он, аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ кард.

Боздошт бар асоси шикояти шаҳрвандон

Аммо ба гуфтаи Муҳаммадӣ Саидмуродов, ҳуқуқшиноси муассисаи манзилию коммуналӣ, додситонии кулли Тоҷикистон раҳбари пешинашро дар тақаллубкорӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо барои фурӯши хобгоҳҳо ва замин мутаҳҳам донистааст.

Ӯ афзуд: «Вай барои якто-дуто ҳуҷҷатҳои гӯё қалбакӣ барои сум гирифтан аз касоне, ки аз корхона хобгоҳ ва замин гирифтаанд, айбдор мешавад. Аслан аризаҳое, ки қаблан низ ба идора расида буд, мо онҳоро рад кардем. Аксарияти сокиноне, ки шикоят карданд, аз маҳаллаи Янгибозори ноҳияи Рӯдакӣ буданд. Баъд аз ноҳияи Варзоб ва маҳаллаи Лучоб низ шикоятҳо шуданд. Зеро корхонаи мо дар ин ҷоҳо хобгоҳҳо дорад».

Ба таъкиди Муҳаммадӣ Саидмуродов, қазияи марбут ба Бобишо Шоев, фаъолияти панҷ соли ахири ӯро фаро мегирад ва сохтакориҳои вай дар нисбати хобгоҳҳои муассисаи комуналию манзилӣ дар ноҳияи Варзоб ва маҳалллаи Лучобро низ дар назар дорад.

Се соли пеш, 38 сокини маҳаллаи Нефтяники ноҳияи Рӯдакӣ нисбати фаъолияти нодуруст ва ғайриқонунии муассисаи манзилӣ ва коммуналӣ ба вазорати энергетика шикоят бурда ва масъулони ин ниҳодро дар тақаллубкорӣ айбдор дониста буданд. Аммо он, ки Бобишо Шоев тавассути додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудаву аммо масъулони ин ниҳод аз шарҳи парвандаи ҷиноии вай худдорӣ мекунанд, пас эҳтимол меравад, дар кирдори ҷаноби Шоев айбу камбудиҳои зиёде нуҳуфтааст.

Бобишо Шоев президент шудани буд...

Ба ин тартиб, ҳафтаи сеюм аст, ки Бобишо Шоев, собиқ раиси корхонаи манзилӣ ва комуналии ширкати «Нафту газ ва ангишт» -и Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.

Шахсе, ки номаш дар ҷомеаи Тоҷикистон дар ду даҳсолаи пеш вирди забонҳо шудааст. Зеро Бобишоҳ Шоев, аз ҷумлаи номзадҳоест, ки дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 ширкат кардааст.

Дар ин интихобот, ки бо ҳузури 11 нафар номзад, баргузор шуд ва соҳибназарон нахустин интихоботи озоду демократӣ дар даврони пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, Бобишо Шоев дар канори Раҳмон Набиев, Давлати Худоназар, Сайфиддин Тураев, Бурихон Салимов, ва дигарон ба рақобат пардохта буд. Аммо исми президент танҳо дар марҳалаи дуввум бо пирӯзии Раҳмон Набиев алайҳи Давлати Худоназар. мушаххас шуд.

Бобишо Шоев чанд бор ҳамчун номзади ҲХДТ вакили маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шудааст ва аз аъзои фаъоли шӯрои ҷамъиятӣ маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG