Ин иқдом чанд рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки сафҳаи интернетии Wikileaks 250 ҳазор санади сиррии дипломатии Амрикоро, ки ба асоси баъзе ин гузоришҳо чандин тан аз раҳбарони арабӣ хоҳони амалиёти низоми алайҳи Эрон шуда буданд , ифшо кард.
Дар нишасти амниятии Баҳрайн, кишваре, ки бар асоси гузориши ифшошуда, подшоҳи он аз ИМА хоста буд то аз ҳар василаи мумкин истифода кунад ва Эронро аз дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ дур нигаҳ дорад, вазири хориҷаи Эрон аз ҷумлаи мақомот буд, ки дар он ширкат дошт. Вай дар ин иҷлос Вашингтонро ба хотири эҷоди тафриқа дар Халиҷ мавриди интиқод қарор дод ва исрор кард, ки Теҳрон ҳеҷ гоҳе алайҳи ҳамсояҳоаш аз қудрат истифода нахоҳад кард.
Вазири хориҷаи Эрон хитоб ба намояндагони нишасти амниятии Баҳрайн, ки дар он чандин тан аз вузарои хориҷаи кишварҳои арабӣ низ иштирок доштанд гуфт, ки қудрати шумо дар минтақа қудрати Эрон аст ва қудрати Эрон қудрати шумо аст.
Муттакӣ ба хабарнигорон гуфт, ки асноди нашршудаи сафҳаи интернетии Wikileaks ҷузъи таблиғоти Амрико бояд талаққӣ шавад.
Иҷлоси Баҳрайн, ки тавассути Институти мутолеоти стратегии Лондон баргузор шуд, барои Эрон ва Амрико фурсатеро фароҳам кард то бо ҳам кор кунанд ва мушкилоташонро аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунанд. Вузарои хориҷаи Амрико ва Эрон ҳар ду дар ин иҷлос даври як миз бо ҳам нишастанд, вале бо ҳамдигар ҳарф назаданд.
Қарор аст мақомоти эронӣ бо шаш қудрати бузурги ҷаҳонӣ дар Женева гуфтугӯ кунанд. Қабл аз баргузории гуфтугӯҳои Женева, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар ҷараёни суханрониаш дар нишасти амниятии Баҳрайн эълом кард, ки ИМА хоҳони гуфтугӯ бо Эрон аст ва ба ҳаққи ин кишвар ба хотири истифода аз энержии атомӣ ба мақсадҳои сулҳомез, эҳтиром қоил аст.
Вале Клинтон ҳамчунин гуфтааст, ки Теҳрон бояд нигарониҳоро дар мавриди барномаи ҳастаии коҳиш бидиҳад, нигарониҳое, ки аз дидгоҳи Амрико Эрон дар талоши дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст.
Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин ҳушдор дод, ки силоҳи ҳастаӣ, Эронро қавитар нахоҳад кард, зеро ин иқдом сабаби мусобиқоти таслиҳотӣ дар минтақа хоҳад шуд.
Ба навиштаи рӯзномаи "Financial Times", ҳарчанд суханони вазири умури хориҷаи Амрико паёми оштиҷӯёна дошт, вале суханони вай ҳамтои эрониашро таҳти таъсир қарор надод.
Муттакӣ суханони Клинтонро мабнӣ ба шинохти ҳаққи Эрон ба манзури дастрасӣ ба энержии ҳастаии ғайринизомӣ як қадаме ба пеш хонд, вале дар суханронии худ, вай Эронро як бозикуни минтақавӣ тавсиф кард, ки қасдаш эҷоди ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ бо ҳамсоягонаш аст. Дар айни ҳол Муттакӣ Амрикоро қудрати берунии «бадандеш» тавсиф кард, ки қасд дорад то бо эҷоди тафриқа, нуфузи худро дар минтақа тавсеа бибахшад.
Муттакӣ ҳамчунин иддао кард, ки таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи Эрон таъсире надошта аст ва чунин пиндошта нашавад, ки гӯё ин таҳримҳо Теҳронро водошт то ба мизи музокирот баргардад.