Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори ҷангалҳои Исроил зери контрол даромадааст


Гурӯҳҳои оташнишон мегӯянд, онҳо бар оташи маргборе, ки чанд рӯз дар ҷангалҳои шимоли Исроил идома дошт, пирӯз шудаанд. Шимон Рома-раҳбари гурӯҳи оташнишонӣ гуфт, ҳоло сӯхтори ҷангал зери контрол даромадааст. Дар ин сӯхтор 41 нафар ҷони худро аз даст доданд. Барои фурӯ нишондани оташ ҳавопаймоҳои Русия, Туркия, Юнон, Британия ва Фаронса кӯмак кардаанд. Пулиси Исроил мегӯяд, 2 писари 16-сола боздошт ва бозпурсӣ мешаванд. Эҳтимол дорад аз беэҳтиётии ин ду нафар сӯхтор сар задааст, сӯхторе, ки тақрибан нисфи ҷангалҳои Кармелро аз байн бурдааст.
XS
SM
MD
LG