Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ мекунад?


Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли "ТоҷикТрансГаз"-и Тоҷикистон навиштааст, "УзТрансГаз" мумкин аст интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Сабаб ин будааст, ки Тоҷикистон қарзҳои худро барои газ ба Узбакистон пардохт накардааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, қарзи Тоҷикистон 1,6 миллион долларро ташкил медодааст. Гази Узбакистон дар Тоҷикистонро аслан корхонаи Талко ё корхонаи алюмини Тоҷикистон ва ТоҷикСемент истифода мекунанд. Ҷониби Узбакистон дар номае ба ҷониби Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи аввали моҳи декабр қарзи худро пардохт накунад, интиқоли газро бидуни огаҳии қаблӣ қатъ мекунад.
XS
SM
MD
LG