Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти бародари президенти Доғистон баъд аз садама


Шумори қурбониёни садамаи ҳавопаймои мусофирбари “Доғистон Эйрлайнз” ба 3 нафар расид. Ҳоҷимуҳаммад Муҳаммадов, бародари раисиҷумҳури Доғистон, ки дар ин садама маҷрӯҳ шуда буд, дар бемористон даргузаштааст. Ин ҳавопаймои ТУ-154 бо 169 мусофир рӯзи шанбе чанд дақиқа баъди ба парвоз хестанаш аз фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав дар “Домодедово”, яке дигар аз фурудгоҳҳои канори пойтахти Русия нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Ду нафар аз мусофирон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, бар асари садама беш аз 80 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG