Як нашрияи бритониёӣ мегӯяд, як зани рус, ки барои сиёсатмадоре дар парлумони Бритониё кор мекард, бо гумони ҷосусӣ боздошт шуда, акнун ихроҷ хоҳад шуд.
Рӯзномаи "The Sunday Times" навишт, хадамоти зиддииктишофии Бритониё - MI5 – мутмаин аст, ки Катя Затуливетери 25-сола ба сурати махуф барои ниҳодҳои иктишофии Русия кор мекард ва ҷосуси “хуфта” буд.
Нашрия аз қавли Майк Ҳанкок, узви ҳизби либерал-демократ, ки ин зан барои ӯ кор мекард, навишт, ки ӯ ҷосуси Русия будани Затуливетерро радд мекунад. Ҳанкок узви кумитаи дифоъи Маҷлиси намояндагон унвон мешавад.