Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонишавии раиси иттиҳодияи коргарӣ дар Эрон


Раиси иттиҳодияи коргарии ширкати найшакари “Ҳафт теппа”-и Эрон ба шаш моҳи зиндон маҳкум шуд. Радио Фардо мегӯяд, ки Ризо Рахшон аз ҷониби додгоҳи Аҳвоз барои пахши номае бо мазмуни ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҳайати мудирияи ин корхона ва аҳли хонаводаашон аз озодӣ маҳрум шудааст. Инчунин ӯ дар ин номае, ки соле пеш нашр шуда буд, хостори дидори аҳли хонаводаи коргарони зиндонӣ бо ақрабояшон шуд. Ризо Рахшон дуввумин раиси иттиҳодияи коргарии ширкати найшакари “Ҳафт теппа” аст, ки ба зиндон андохта мешавад.
XS
SM
MD
LG