Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷараёни даргирии як гурӯҳи мусаллаҳ бо мақомоти амниятӣ ва интизомӣ дар ноҳияи Балҷувон Некрӯз Холов, як хонандаи мактаби таҳсилоти умумии ин ноҳия низ маҷрӯҳ шудааст. Дар ин даргирӣ чандин нафар кормандони амниятӣ ва милиса кушта ва захмӣ шуданд.

Масъулини беморхонаи ноҳияи Балҷувон вазъи сиҳатии Некрӯз Холов, хонандаи мактаби миёна, ки бар асари даргирӣ аз пояш ҷароҳат бардошта буд, хуб арзёбӣ мекунанд.

Парвиз Холов, бародари Некрӯз гуфт, ки бегоҳии ҳамон рӯз силоҳбадастон бародаш ва як рафиқи ӯро наздашон даъват мекунанд ва онҳо аз тарс фирор менамоянд.

Ҳангоми тирпаронӣ аз пушти онҳо бародарш ҷароҳат мебардорад. Ҳамроҳи ӯ сахт тарсида аммо ҷароҳат набардоштааст.

Ҳамзамон пизишкон вазъи саломатии Табаров Ҷӯрахон, сардори ШКД-и ноҳияи Балҷувон ва Хол Қудратов прапоршики дигари ин шӯъбаро, хуб арзёбӣ мекунанд.

Муҳаммад Шоҳ, сардабири нашрияи "Навиди Балҷувон" мегӯяд, ки феълан дар минтақа зоҳиран фазои ором ҳукмрон аст, аммо тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Аммо ин тадобир ва таҷаммӯъи сарбозони зиёд дар кӯҳу пуштаҳо то ҷое боиси ошуфтагӣ ва нигаронии мардум низ шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG