Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистон ба зимистон омода аст?


Агарчи моҳи декабр аст ва ҳавои Тоҷикистон офтобист, вале мардум аз омад-омади сармоҳои шадид, ки имрӯз дар Аврупо ҳукмрон аст, нигаронанд. Ба ин далел, ки омадани сармо ба Тоҷикистон тавъам бо режими маҳдудшавии барқрасонӣ ва қатъи барқ бо сабабҳои фаннӣ аст.

Тоҷикистон 97 дарсади гази моеъро аз Қазоқистон ва ҳудуди 100 фоиз маводи сӯхт аз ҷумла бензин, солярка ва мазутро аз Русия ворид мекунад.

Истихроҷи аз меъёр зиёди ангишт дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи Бурихон Исматов, муовини директори корхонаи давлатии нафт ва ангишти Тоҷикистон, ниёзи мардум ба ангишт дар сол 180 ҳазор тонна аст ва имсол аз ин меъёр бештар ангишт истихроҷ шудааст.

Ҷаноби Исматов афзуд: «То имрӯз тамоми корхонаҳои будҷавӣ, мактабу кӯдакистону бемористонҳо бо ангишт таъмин шудааст. Ва мо тасмим дорем бештар аз нақша боз 20 ҳазор тонна ангишти изофӣ захира кунем.»

Ба гуфтаи ҷаноби Исматов, ангишти ниёзи мардум аз конҳои Тоҷикистон истихроҷ мешавад. Вай дар бораи қимати як тонна ангишт ва фурӯши он гуфт:
«Мо 15 кони ангишт дорем, аз он 12-тоаш мавсимӣ ва 4-тои дигараш доимӣ аст. Як тонна ангишт бо масрафи истихроҷ аз 70 -100-150 сомонӣ арзиш дорад»

Мардуми деҳот ба хусус манотиқи кӯҳистонӣ як халта ангиштро, ки то 70 килограмро ташкил медиҳад, аз 15 то 20 сомониро харид мекунанд.

Мушкилоти мардуми деҳот

Ба гуфтаи Валӣ Ҳикмат, сокини минтақаи Ромит, вай дар фасли зимистон ба 200 доллар ангишт мехарад, ки баробар ба маоши 5 моҳааш аст.

Ҷаноби Ҳикмат афзуд : «Мушкили аслӣ дар зимистон барои мо гармӣ аст на рӯшноӣ. Азбаски барқ бар асоси лимит аст, мо бештар ангушт истифода мебарем. Дар се моҳ ба арзиши 200 доллар ангишт мехарам. Мағозаи махсуси ангиштфурӯшӣ нест, вале соҳибкорон оварда мефурӯшанд. Ба илова, дар деҳот на ҳама тавони хариди ангишро доранд.»

Сулҳияи Қурбон, сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд, ки ҷуз ангишт, таппак ва ҳезумро низ барои нонпазӣ ва гарми истифода мекунанд. Вай гуфт, ки хонаводаи онҳо тавони хариди як тонна ангишро доранд.

Вай афзуд: «Дарахтонро мебуранд, нигоҳ мекуни кӯҳ биёбон шудааст, аз барқ истифода намешавад, солярка ва керосинро танҳо барои фонусҳо истифода мекунем. Зеро дар шабонарӯз шаш соат барқ дорем».

Тоҷикистон солона беш аз 170 ҳазор тонна солярка аз Русия ворид мекунад. Ва як литри он барои мардум 4 сомонӣ арзиш дорад ва қарор аст, боз 20 дирам гаронтар шавад. Дар ҳоле, ки як литр гази моеъ 5 сомонӣ арзиш дорад ва як метри мукааб гази воридотӣ аз Узбакистон ҳудуди 2 сомониро ташкил медиҳад.

Камбуди маводи сӯхт ҳанӯз боқист

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» тақозо кард, ки баробари фарорасии зимистон мардумро бо газ таъмин кунад. Вале то ба ҳол дар пойтахти кишвар газ нест. Ба ин далел, ки «Тоҷиктрансгаз» аз Узбакистон 2,5 миллион доллар қарздор аст ва Узбакистон қиммати газро се доллар боло бурдааст ва дар ҳоли ҳозир 1000 метри мукааб газ, 253 доллар арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки қисми марказии шаҳрро бо гармӣ таъмин мекунад, то ба ҳол фаъол нашудааст. Сокинони пойтахт барои гарм кардани хонаҳо аз нерӯи барқ истифода мекунанд, ки ба қавли онҳо, моҳе то 250 сомонӣ танҳо барои гарм кардани хонаҳо масраф мекунанд.
XS
SM
MD
LG