Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи давлати Тоҷикистон ба мушкили қочоқи инсон


Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи ғуломӣ ёд мекунад, таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, мушкили қочоқи инсон тайи солҳои ахир нигарониҳои ҷиддии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овардааст.

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 6 парвандаи марбут ба қочоқи инсон ба баррасӣ гирифта шудаааст, дар ҳоле, ки соли гузашта танҳо як парванда дар ин замина таҳқиқ шуда буд.

Баҳром Раҳматҷонов, намояндаи дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, ин вазъ нишондиҳандаи он аст, ки мизони қочоқи инсон дар меҳвари таваҷҷӯҳи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон қарор дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматҷонов гуфт, муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар чанд соли ахир яке аз омилони густариши ҳодисаҳои марбут ба қочоқи инсон шуда ва афроду гурӯҳҳои ҷиноӣ бо фиребу найранг занону духтаронро ба хориҷи кишвар мебаранд ва онҳоро дар корҳои руспигарӣ истифода мекунанд.

Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнулмилалии муҳоҷират барои бозпас овардани занону духтарони фиребхӯрда аз кишварҳои арабӣ иқдомотеро анҷом додаанд.

Бозгашти 101 нафар аз ғуломӣ

Қиматгул Алибердиева, муовини аввали Кумиати кор бо занони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, «то соли 2009 101 нафар ба ватан баргардона шуд, ки миёни онҳо як мард ва як кӯдаки ноболиғ низ буд».

Ҳамзамон ба иттилои Баҳром Раҳматҷонов, намояндаи дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират, дар соли ҷорӣ низ гурӯҳи кории давлати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ин созмон дасти кам 20 тани дигар аз шаҳрвандони ин кишварро, ки умдатан занон ҳастанд ва ба корҳои фоҳишагарӣ дар кишварҳои арабӣ истифода шудаанд, ба ватан баргардонданд.

Ҳарчанд масъулони Созмони байнулмилалии муҳоҷират пойин будани сатҳи огаҳии занону духтарони дар бораи пайомадҳои номатлуби одамфурӯширо сабаби густариши қочоқи инсон арзёбӣ мекунанд, Саидаи Зайниддин, соҳибназари умури занон, бар ин аст, ки дар бархе аз ҳолатҳо занон дидаву дониста ба ин роҳ мераванд.

Аз беилоҷӣ рӯ ба ғуломӣ?

Зеро, ба таъкиди Саидаи Зайниддин, «аз сӯҳбат бо занон маълум мешавад, ки мушкилоти иқтисодӣ онҳоро ба чунин роҳ мебарад. Маҳз паст будани сатҳи зиндагӣ ва бехонаву дар будани онҳо ва дигар душвориҳо занонро ба сафар ба хориҷа маҷбур месозад».

Дар канори қочоқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба хусус занон барои умури фоҳишагарӣ, бархе аз мардони муҳоҷир дар Русия ва дигар кишварҳо мавриди истисмори меҳнатӣ ё ба истилоҳи дигар ғуломӣ қарор мегиранд.

Ҳарчанд, масъулони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки шаҳрвандони ин кишвар мавриди истифодаи ғуломӣ қарор намегиранд, аммо Саъдӣ, як муҳоҷири тоҷик, ки тоза аз шаҳри Маскави Русия баргаштааст, чунин қиссаеро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баён кард.

Ӯ гуфт: «Корфармое мо чаҳор нафарро ба хонааш бурд ва муддати як ҳафта кор кардем. Кори сохтмонӣ хеле душвор буд ва ҳар замон моро фишор меовард ва сари мо зурӣ менамуд. Мисли ғулом моро кор фармуд, аммо гуфт, равед баъд омада пулатонро мегиред. Вале пули моро надод. Ҳатто паспортҳоямонро як тариқи як нафари дигар пул дода гирифтем ва гурехтем».

Истисмори шаҳрвандон дар дохили Тоҷикистон

Аз сӯи дигар тибқи иттилои дафтари намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Душанбе, дар солҳои ахир мавориди истисмори меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад ва муроҷиати шаҳрвандони ҷабрдида ба марказҳои бӯҳронии ин созмон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз ин далолат мекунад.

Бар асоси гузориши дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират, муддати чаҳор соли ахир беш аз 200 нафар аз қурбониёни қочоқи инсон ба марказҳои бӯҳронии ин созмон муроҷиат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони байнулмилалии муҳоҷират давраҳои омӯзишеро барои кормандони ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ ва додситонӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташкил кардааст, ки муддати се рӯзи оянда онҳо аз наҳваи чилавгирӣ ва мубориза бо мавориди қочоқи инсон бархӯрдор хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки таҳқиқи парвандаҳои қурбониёни қочоқи инсон собит кардааст, ки онҳо аз роҳҳои ғариқонунӣ шиноснома дарёфт карда ва ба кишварҳои арабӣ бурда шудаанд, Дар ҳоле, ки ба таъкиди масъулони Созмони байнулмилалии муҳоҷират бархе аз ин қурбониён синнашон барои сафар ба кишварҳои арабӣ мувофиқ нест.
XS
SM
MD
LG