Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷа - шикваи аслии зиндониҳо


Далер Абдулмадудов, сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар тақозо кардааст, ки ба қазияи латту кӯби бародараш дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон расидагӣ кунанд.

Ӯ мегӯяд, бародараш, ки бо иттиҳоми терроризм ба 29 соли зиндон махкум шудааст, пайваста мавриди шиканча қарор мегирад.

Бехабарии созмонҳои ҳуқуқи башар аз вазъи зиндонҳо

Далер Абдулмадудов дар ҳоле қазияи бародарашро матраҳ кардааст, ки дар ҳамин авохир мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон дар баҳсхои умда бо созмонхои байналмилалӣ ва воситахои ахбори омма аз коҳиши шиканҷа дар зиндонҳо хабар доданд ва дар роҳи комилан аз байн бурдани бадрафторӣ нисбати маҳбусҳо омодагӣ нишон доданд. Аз сӯи дигар, дастрас набудани зиндонҳо ва муассисаҳои ислохоти мехнатӣ ба созмонхои ғайридавлатӣ исботи дурустии каломи мақомотро душвор кардааст.

Наргис Зокирова, сарвари Созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои хориҷӣ ва ғайридавлатӣ ба боздошгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоранд ва наметавонанд ба ҳалли мушкилот мусоидат кунанд.

Ӯ мегӯяд: «Он чӣ ба созмони мо марбут аст, чанд моҳ қабл мо ба вазорати адлияи Тоҷикистон нома навишта хостем, ки барои мо барои баргузории як гуна мониторинг ё таҳқиқи яке аз зиндонҳои Тоҷикистонро фароҳам кунанд. Аммо то ба ҳол аз вазорат посухе нагирифтаем. Аз ин хотир, мо ба ин соҳа баҳо дода наметавонем.»

Мақомот:"Иддаои наздикони зиндониён беасос аст"

Баҳром Сафаров, раҳбари ситоди Раёсати зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мегӯяд, рафтори зиндонбонхо бо махбусон бар пояи оиннома сурат мегирад ва иддао хешу табор дар мавриди шиканчаи зиндонихо появу асос надорад.

Ӯ мегӯяд: «Додситонии кулл дар соли 2010 дар зиндонҳо як таҳқиқи густарда баргузор намуд ва ошкор шуд, ки дар зиндонҳои мо ягон далели ин қонуншиканӣ вучуд надорад»

Тоҷикистон моҳи феврали соли 1995 ба Конвенсияи СММ дар робита ба мубориза алайҳи шиканҷа ва бадрафтори имзо гузошт ва қавл дод, ки аз ҳар падидаи хушунатбор алайхи зиндониён чилавгирӣ хохад кард. Аммо дар тӯли солхои баъдӣ, кишвар барои мавридҳои шиканҷа дар зиндон аз ҷониби созмонхои ҳуқуқи башар танқид шудааст.

Агар шумо боре ба аризаи хешутабори зиндониён таваҷҷух карда бошед, дидаед, ки номаи онҳо якбора ба чанд нишонӣ фиристода мешавад. Агар яке идораи додситони кулл ва дигаре вазорати дохилӣ бошад, нишонии сеюм хатман созмонҳои байналмилалӣ амсоли Созмони Амният ва Хамкории Аврупост.

Созмонҳои байналмиллалӣ ва ваъи зиндониён

Аммо Далер Абдулмадудов мегӯяд, вақте ки санадҳои бародарашро ба САҲА пешниҳод кардааст, корманони ин идора бидуни хеч омӯзишу пурсиш ҳукм карданд, ки ин кори дохилии Тоҷикистон аст.

Паём Фурӯғӣ, собиқ корманди маркази САҲА, ҳоло коршинос дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, ба таври давомдор боқӣ мондани масъалаи шиканҷа дар маҳбасҳо ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистон, аз як сӯ агар кутоҳии хукумат бошад, аз сӯи дигар бепарвоии созмонҳои байнлмилалии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди дарёфти маблағҳо ё грантҳои ҳангуфт ин мавзӯъро ҷиддӣ намегиранд.

Паёми Фуруғӣ мегӯяд: «Муҳим аст, ки на фақат вакилони дифоъи Тоҷикистон ва расонаҳо, созмонҳои хориҷӣ ҳам бояд пешрав бошанд. Суоле, ки пеши ман меояд, ин аст, ки созмонҳои хориҷӣ ин ҷо чикораанд? Фарз кунем, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дафтари ҳуқуқи башари СММ. Кори инҳо ин аст, ки конвенсиюнҳо ва қарордодҳои имзокардаи Тоҷикистонро нигоҳ кунанд, мониторинг анҷом бидиҳанд, бубинанд, ки ин ҳама чӣ гуна анҷом мешавад.»

Ба қавли оқои Фуруғӣ, агар созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ҳалли ин масъала фаъол бошанд, ҳатман мизони латтукӯб дар зиндонхо коҳиш хоҳад ёфт.

Кровлӣ: "САҲА бетафовут нест"

Анна Кровли, масъули САҲА дар умури ҳуқуқи башар ин дидгоҳ, ки кормандони созмон ба мавзӯъи шиканчаи зиндонихо бетафовут шудаандро, рад кард ва гуфт Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе барои ҳалли мушкили шиканҷаву бадрафторӣ бо мақомот ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.

Хонум Кровли афзуд, чанд сол ба ин сӯ САҲА дар ҳамдастӣ бо вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барномаи «Ҳуқуқҳои инсон ва терроризм»-ро амалӣ мекунад, ки бо афроди муттаҳам ба терроризм рабт дорад.

Хонум Кровли афзуд: «Он қадаре, ки ман ин ҷо фаъолият мекунам, барномаҳои гуногуни моро ҳукумат истиқбол мекунад. Аммо мо омодаем аз ин бештар ҳам кор кунем, бахусус дар амри ҷилавгирӣ аз шиканҷаву бадрафторӣ.»

Вале ба қавли Паём Фурӯғӣ, ин ҳамкорие, ки хонум Кровли ишора мекунад, басанда нест ва ин созмонҳо бояд бештар талош кунанд ва тавонанд имкони мулоқот бо маҳбусон дар зиндонҳоро ба даст оранд.

Омори расмии қурбониёни шиканҷа вуҷуд надорад

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, кормандони собиқи созмонҳои байналмиллалӣ ва коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, таъсири созмонҳои байнулмилалӣ қаблан бештар буд ва дар ҳалли мушкиле мисли шиканҷа танҳо такя ба ин созмонҳо иштибоҳи бузург аст. Ӯ мегӯяд, масъул ҳукумати Тоҷикистон аст ва барои беҳбуд бахшидан ба низоми адлия пеш аз ҳама бояд худи мақомот манфиатдорӣ нишон диханд:

«Худи истифода аз шиканҷа, ба поён будани сатҳи касбияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ишора мекунад. Беҳтар мебуд, тавре дар кишварҳои мутамаддин ҳаст, низоми нишондод додани гумонбар дар ҳузури вакили дифоъ ҷорӣ шавад. Он гоҳ касе гумонбарро шиканҷа намекунад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам мекӯшанд, ки бо далоили бо роҳҳои қонунӣ ба даст омада, ҷурми ҷинояткорро собит кунанд»

Ба сурати умум, дар Точикистон омори расмии қурбониёни шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳо вуҷуд надорад. Агар мавҷуд ҳам бошад, ҳеч гох расман эълон нашудаст.

Бархе аз созмонхои ғайридавлатӣ оморхоеро ҷамъоварӣ мекунанд, ки асосан бар пояи шикояти хешу табори зиндониён бунёд мешаванд. Тибқи иттилои Лигаи занони ҳуқуқшинос, як созмони ғайридавлатӣ, соли гузашта хешу табори 70 қурбонии шиканҷа дар зиндонҳои кишвар ба ин созмон муроҷиат кардаанд.
XS
SM
MD
LG