Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Бишкек шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, баъд аз ширкат дар нишасти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Остона вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистоон шуд. Ба иттилоъи расмӣ, дар меҳвари музокироти ӯ бо раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева – Қонуни асосии нави Қирғизистон ва гузаштани кишвар аз низоми раёсатҷумҳурӣ ба низоми парлумонӣ хоҳад буд. Дар ин дидору гуфтугӯ дигар масоил, аз ҷумла, ислоҳоти демократӣ дар Осиёи Марказӣ ва истифодаи минбаъдаи фурудгоҳи "Манас" аз сӯи Амрико ба хотири интиқоли бор ба низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ ба Афғонистон ҳам матраҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG