Имрӯз дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, нишасти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо идома хоҳад кард. Қарор аст, ки дар поёни нишаст баёнияи ҷамъбастӣ пазируфта шавад.
Дирӯз Тифлис ҳушдор дод, ки агар дар ин санад мавқеъи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар робита ба якпорчагии Гурҷистон мушаххас нашавад, ба қабули он монеъа эҷод хоҳад кард. Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, зимни суханронӣ дар нишасти Остона бори дигар Русияро дар он айбдор намуд, ки созишҳои ҳосилшуда бар бораи хуруҷи нерӯҳо аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистонро иҷро намекунад. Дирӯз дар нишасти САҲА мавзӯъи хатми низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ низ баҳсу баррасӣ шуд. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, Боку барои идомаи музокирот бо Арманистон омода аст ва умедвор аст, ки он дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ хотима меёбад. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дирӯз изҳор намуд, ки САҲА ба навсозӣ ниёз дорад.
Дирӯз дар нишасти Остона раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ кард.