Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол асосгузори “WikiLeaks”-ро таъқиб мекунад


Интерпол, пулиси байналмилалӣ, исми Ҷулиан Ассанж, асосгузори сомонаи моҷароҷӯи “WikiLeaks”-ро зери “хатти сурх” оварда, ҷустуҷӯи ӯро аз кишварҳо тақозо кардааст. Шветсия Ассанжро бо иттиҳоми ҷиноёти ҷинсӣ таъқиб мекунад. Ассанж, ки маҳалли будубошаш маълум нест, ин иттиҳомотро радд мекунад.
Исми ӯ дар ин ҳафта дар пайи нашри ҳазорон пора аз мукотиботи дипломатии Амрико дар сомонаи “WikiLeaks” дар меҳвари таваҷҷӯҳи байналмилалӣ қарор гирифт. Вазорати хориҷаи Амрико бо умуди пешгирӣ аз ифшои асноди бештар, аснодашро аз шабакаи вижаи давлатӣ берун овардааст.
XS
SM
MD
LG