Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди сесолаи Ҷонибеки Мурод бо "Союз"


Ширкати “JM”-и овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибеки Мурод бо маркази маъруфи продюсерии “Союз” дар Русия қарордоди сесолае баста, ҳаққи истифода аз таронаҳояш дар Русия ва кишварҳои дигари Аврупоро ба ин ширкат вогузор кардааст.
Ҷонибеки Мурод ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, акнун таронаи “Песни для любимой”, ки ӯ ба русӣ иҷро кардааст, ва таронаҳои дигараш дар эфири 100 шабакаи радиоии Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ садо бидиҳад.
Ҷонибеки Мурод, фарзанди хурдии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабеки Мурод, соли гузашта ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё ва Баҳроми Ғафурӣ дар Амрико барандаи ҷоизаи “Big Apple Music Award” шуд. Албоми охирини ӯ “Ман на манам, на ман манам” моҳи сентябр ба бозор даромад.
XS
SM
MD
LG