Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол муассиси WikiLeaks-ро ҷустуҷӯ мекунад


Интерпол ё Полиси Байнулмиллал муассиси сомонаи интернетии Wikileaks Ҷулиан Эссанҷро мавриди кофтукоби байнулмилалӣ қарор додааст. Аз ин пеш мақомоти додситонии Шветсия хостори боздошти Эссанҷ ба хотири бозпурсии ӯ шуда буданд. Муассисаи Wikileaks дар ин кишвар дар таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба ду зан гумонбар мешавад. Ҷулиан Эссанҷ, ки макони будубошаш маълум нест, ин иттиҳомро рад мекунад.
Рӯзи якшанбе сомонаи Wikileaks беш аз 250 ҳазор асноди гуногуни сиррии дипломатии амрикоиро нашр кард. Мақомоти Амрико хабар доданд, ки тафтиши ҷиноии ифшои иттилоъи сиррӣ аз вазорати умури хориҷӣ шурӯъ шудааст.
Ахиран вазорати умури хориҷии Фаронса эълом дошт, ки роҳҳои табодули номаҳои дипломатиро тағйир хоҳад дод. Ба гуфтаи намояндаи вазорат Франсуа Баруэн, ин тасмим баъд аз ифшои ҳазорон асноди сиррии дипломатии амрикоӣ аз сӯи сомонаи интернетии Wikileaks гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG