Он ҳам дар ҳоле ки тибқи қонун “Китоби сурх” бояд ҳар сари 10 сол бозбинӣ ва аз нав нашр мешуд. “Китоби сурх”-и феълии Тоҷикистон 226 навъ наботот, 57 навъ ҳайвонот ва 4 навъ моҳии дар ҳоли рӯ ба нобудиро дар бар мегирад.
Вале Убайдуллоҳ Акрамов, мудири шӯъбаи муассисаи давлатии “Минтақаҳои табиии таҳти ҳифозати вижа”, идораи марбут ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ ва бад шудани вазъи зиндагии мардум суръати маҳвшавии анвоъи мухталифи набототу ҳайвонот дар табиати Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Убайдуллоҳ Акрамов дар гуфтугӯе бо маҷаллаи илму фанноварӣ хабар дод, ки таҳрири ҷадиди “Китоби сурхи Тоҷикистон” шояд то як соли дигар ба дасти чоп бирасад. Ӯ афзуд, ки онҳо ифтитоҳи як сомонаи вижа дар шабакаи саросарии Интернетро низ дар назар доранд.