Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 прулис дар инфиҷори Бишкек ҷароҳат бардоштаанд


Бино ба гузоришҳо, дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон инфиҷоре рух додааст. Вазорати дохилаи ин кишвар мегӯяд, инфиҷор дар наздикии биное рух додааст, ки дар он ҷо мурофиаи додгоҳии шахсиятҳои боломақоми давлати барканоршудаи Қурмонбек Боқиев идома дорад. Марат Имонқулов-раиси Шӯрои Амнияти Қирғизистон дар маҳали ҳодиса ба рӯзноманигорон чунин гуфт:

"Инфиҷор тақрибан соати 9 рух дод. Моддаи мунфаҷира дар дохили лулае дар қисмати шимолии бино гузошта шуда будааст. Мо ҳоло маҳали ҳодисаро бозрасӣ мекунем. Фикр меекунам, ки бами дастсохтро дар ин ҷо мунфаҷир сохтаанд".

Ду корманди пулис сатҳӣ ҷароҳат бардоштаанд. Инфиҷор ҳамчунин баъд аз як рӯзи аз байн бурдани 4 тундрави исломӣ дар амалиёте ба дасти нируҳои амниятии ин кишвар дар шаҳри Ӯш сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG