Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин таркиш ду корманди пулис ҷароҳати сатҳӣ бардоштаанд. То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро бар ӯҳда нагирифтааст.
Ин инфиҷор дар остонаи боздиди Ҳилларӣ Клинтон - вазири корҳои хориҷии Амрико аз Қирғизистон сурат гирифтааст. Интизор меравад, ки ин боздид рӯзи панҷшанбе анҷом бигирад.
Инфиҷор ҳамчунин баъд аз як рӯзи аз байн бурдани 4 тундрави исломӣ ба дасти нируҳои амниятии ин кишвар дар шаҳри Ӯш сурат гирифтааст.
Як мақоми амниятии қирғиз гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ алайҳи як паноҳгоҳ дар шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 4 ҷангии исломӣ кушта шуданд.
Раҳбари Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфт, 3 тан аз ҷангиён аз тири пулис ва чорумӣ бар асари таркиши норинҷак кушта шуданд. Ӯ афзуд, дар ин даргирӣ 2 маъмури пулис низ ҷароҳат бардоштаанд.
Сухангӯи пулиси маҳаллӣ гуфт, ҳадафи амалиёт аъзои гурӯҳи манъшудаи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир буд.
Дар моҳи июн Ӯш як нуқтаи хушунатҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо буд, ки беш аз 400 кушта ба ҷо гузошт.