Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин: Амрико бояд бо WikiLeaks ҷиддӣ бархӯрд кунад


Имрӯз Чин аз Амрико хост, ки ба таври ҷиддӣ ба ифшои номаҳои электронӣ тавассути сомонаи интернетии WikiLeaks бархӯрд кунад. Ҳонг Лей-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Чин дар як нишасти хабарии маъмулӣ гуфт, Чин намехоҳад ҳеҷ халале дар муносиботи Чину Амрико бубинад. Бино ба асноди ифшошуда, як мақоми расмии Чин гуфтааст, кишвараш ба Кореяи Шимолӣ ҳамчун муттаҳиди манфиатбахш таваҷҷуҳе надорад ва агар ин кишвари кумунистӣ суқут кунад, мудохилае нахоҳад кард. Бино ба ин аснод, гӯё ин мақоми Чин гуфтааст, ки Чин мехоҳад Кореяи муттаҳидро бубинад.
XS
SM
MD
LG