Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Миср ба бенизомиҳо печиданд


Дар чанд шаҳри Миср ҷонибдорони мухолифин алайҳи, ба гуфтаи онҳо, тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе, намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Ҳизби “Бародарони мусалмон”, бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумат, изҳор намуд, ки интихоботро бохтааст. Ҷонибдорони ин ва дигар аҳзоби мухолиф дар бенизомиҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ширкат доштанд. Бар асари ин бенизомиҳо чанд мошин ба коми оташ рафт, дар баъзе ҷойҳо бархурди эътирозгарон бо кормандони полис ба вуқӯъ пайваст.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи раъйдиҳӣ ба бештари қитъаҳои интихоботӣ нозирони байнулмилалӣ роҳ дода нашуданд. Интизор меравад, ки натоиҷи расмии интихобот имрӯз эълон шавад.
XS
SM
MD
LG