Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии эътилофи рӯ ба Аврупо дар интихоботи Молдова


Бар асоси шумориши 95 дарсади оро, дар интихоботи Молдова эътилофи аҳзоби рӯ ба Аврупо назар ба ҳизби коммунистҳо пешсаф аст. Се ҳизби эътилофи ҳамоиш бо Аврупо феълан 51 дарсади оро ва коммунистҳо 40,5 дарсадро дар даст доранд. Натоиҷи ниҳоӣ бояд то поёни рӯз эълон шавад.
Аммо барои эътилофи сарвазир Влад Филат касби 61 курсӣ аз 101 курсии парлумон лозим аст, ки тавони интихоби раисиҷумҳурро соҳиб шуда, Молдоваро аз ин бунбасти сиёсӣ, ки якуним сол боз идома дорад, берун биорад. Ҳизби коммунист то кунун пеши роҳи ҳама талошҳо барои интихоби раисиҷумҳури рӯ ба Ғарбро мегирифт.
XS
SM
MD
LG