Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ба Ирландия ёрии молиявӣ мекунад


Вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дирӯз дар нишасте дар Брюссел дар мавриди ба Ирландия додани қарз ба маблағи 85 миллиард евро тасмим гирифтанд. Ин маблағро 19 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул дар ихтиёри ҳукумати Ирландия мегузоранд. 30 миллиард евро аз пули ҷудошуда барои рафъи бӯҳрони бахши бонкии Ирландия сарф хоҳад шуд, ки он иқтисоди кишварро ба мушкили сангин мувоҷеҳ кардааст. Қабл аз тасмим дар бораи додани қарз Елена Салгадо, вазири молияи Испания, ба хабарнигорон гуфт, "ман мутмаинам, ки вазъ дар Ирландия ҳоло басо хатарнок аст. Мушкили ин кишвар метавонад ба дигар бозорҳо сироят кунад ва ин аллакай дар чанд рӯзи ахир собит шуд. Аз ин рӯ имрӯз мо роҳи ҳалли ин мушкилро ҷустуҷӯ дорем".
Рӯзи шанбе дасти кам 50 ҳазор нафар дар шаҳри Дублин дар раҳпаймоии эътирозӣ алайҳи тасмими ҳукумати Ирландия барои коҳиши масрафоти давлатӣ ширкат намуданд. Аз байн бурдани касри буҷа – яке аз шартҳои асосии ироаи қарзи зиддибӯҳронии Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ба Ирландия маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG