Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Молдова "баргузоршуда" эълом гашт


Кумиссюни марзии интихоботии Молдова интихоботи порлумонии якшанбеи 28-уми ноябрро баргузоршуда эълом дошт. Дабири ин кумиссюн, Юрий Чокан гуфт, то соати сеюними баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ зиёда аз 34 дарсади соҳибони ҳаққи раъй дар интихобот ширкат карданд. Бино ба қонунҳои Молдова ширкати сеяки интихобкунандагон кофист, ки раъйдиҳӣ қонунӣ шумурда шавад. Қарор аст ин интихобот ба бӯҳрони тӯлонии сиёсӣ дар ин кишвар хотима диҳад. Молдова як сол аст, президенти комилҳуқуқ надорад, зеро таносуби нерӯҳо дар порлумон ба бартарии ҳеҷ номзаде имконият надодааст.
XS
SM
MD
LG