Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов ба Эрон ва Қазоқистон сафар мекунад


Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Эрон сафар ва ҳамчунин дар нишасти сарони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Остонаи Қазоқистон ширкат хоҳад кард. Расонаҳои хабарии давлати Туркманистон дар ин бора иттилоъ дода, афзудаанд, Бердимуҳаммадов дар рӯзҳои наздик дар расми оғози бунёди лӯлаи гази Оҳангарон--Сангбаст дар Эрон, ки аз кони Давлатободи Туркманистон то Эрон масир хоҳад дошт, ширкат мекунад. Ин лӯла қарор аст, моҳи январи соли оянда ба кор дарояд. Интизор меравад, дар маросим президентҳои ҳарду кишвар ширкат кунанд. Бердимуҳаммадов ҳамчунин рӯзҳои 1 ва 2-юми декабр дар нишасти сарони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Остонаи Қазоқистон иштирок карданист.
XS
SM
MD
LG