Ширкатҳои телефонҳои мобилӣ низ барқарор шудани тамос бо навоҳии водии Раштро таъйид мекунанд. Ҳоло хатҳои алоқаи «Бабилон», «МЛТ», «Тоҷик телеком» ва дигар ширкатҳо бо ин минтақа боз аст.
Водии Рашт аз рӯзи 21-уми сентябр ба ин сӯ, яъне пас аз ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳҳои мусаллаҳ ба корвони нерӯҳои вазорати дифои Тоҷикистон дар Камароб ва шурӯи амалиёти нерӯҳои давлатӣ, дар инзивоӣ мухобиротӣ қарор дошт.
Ширкатҳои телефонӣ сабаби қатъи якбораи хатҳои тамосро ба “нуқсонҳои техникӣ” рабт медоданд ва аз шарҳи дигар худдорӣ мекарданд.
Вале таҳлилгарон мутмаинанд, ки чунин тасмими муштараки ширкатҳои телефонӣ дар пайи даргириҳо дар Камароб ва бо дастури мақомоти амниятии Тоҷикистон гирифта шудааст.
Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев низ қатъи тамос бо Раштро ба мушкилоти фаннӣ рабт медиҳад.
Ӯ дар гуфт: «Ин иллати фаннӣ буд. Дар доираи созишномаи байни вазорат ва ширкатҳои мобилӣ ин масъала дида баромада мешавад. Мушкилоти дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ба нооромӣ дар Рашт вобаста набуд. Ин омил шояд таъсир дошт, вале сабаби аслӣ набуд».
Вале қаблан як афсари аршади Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, робитаи телефонӣ дар Рашт маҳз ба хотири халалдор нашудани амалиёти ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ қатъ шудааст.
Ба қавли ӯ, хомуш будани телефонҳо ба нафъи натоиҷи мусбати амалиёти зидди гурӯҳҳои худсар дар дараи Камароб будааст.
Соҳибназарон равшан шудани хатҳои алоқаи телефониро нишонаи рӯ ба беҳбуд доштани вазъ дар водии Рашт арзёбӣ кардаанд.
Ҳоло омор дар бораи хисороти расида ба ширкатҳои мобилӣ бар асари набуди тамоси телефонӣ дар як минтақаи кишвар ҳисоб нашудааст. Намояндагони ширкатҳои телефонӣ аз эълони зиёни молӣ худдорӣ мекунанд, аммо намояндаи яке аз ин ширкат иқрор кард, ки зарар ба даҳҳо миллион сомонӣ расидааст.