Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исломобод аз бамгузории интиҳорӣ пешгирӣ карданд


Мақомоти Покистон мегӯянд, онҳо имрӯз аз ҳамлаҳои бамгузорон ба биноҳои давлатӣ ва ба як масҷид дар Исломобод пешгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ду бамгузори интиҳорӣ боздошт шудаанд. Раҳмон Малик-вазири дохилаи Покистон гуфт, кормандони интизомӣ шаби панҷшанбе хабар ёфтаанд, ки бамгузорони интиҳорӣ ба бинои порламон ва ё ба бинои наздики порламон ҳамла мебаранд. Баъд аз ин хабар билофосила онҳо амниятро дар маҳал тақвият додаанд. Як корманди пулиси Покистон гуфтааст, ду бамгузори боздоштшуда бо Толибони Покистон дар Вазиристони Ҷанубӣ иртибот доштаанд.
XS
SM
MD
LG