Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоми муҳим дар роҳи рафъи буҳрони давлатии Ироқ


Талошҳо ба хотири рафъи буҳрони раҳбарӣ дар Ироқ, ки аз интихоботи парлумонии моҳи март ба ин сӯ, қариб 9 моҳ боз идома дошт, як марҳалаи муҳим ва шояд мушкилтаринро пушти сар кард. Раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ расман аз сарвазири феълӣ Нурӣ Моликӣ хост, то кобинаи нави вазиронро ташкил кунад.

Акнун Моликӣ барои ташкили эътилофи ҳоким ва эълони асомии аъзои кобинааш 30 рӯз фурсат дорад. Аммо оё метавон итминон баст, ки баъди як моҳ буҳрони раҳбарӣ дар Ироқ батамом рафъ хоҳад шуд?

Талошҳо ба манзури хатми буҳрони ҳаштмоҳаи сиёсӣ дар Ироқ бо даъвати расмӣ аз сарвазири кунунӣ Нурӣ Моликӣ барои ташкили кобинаи ҷадиди ваҳдати миллие, ки тамоми гурӯҳҳои рақиби ин кишварро фаро бигирад, қадами ҷиддие ба сӯи пеш гузошт.

Шонси дуввуми раҳбарии давлатро раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ дар як маросими вижа дар ҳузури аксари руҷули сиёсии кишвар ба Моликӣ бовар кард. Талабонӣ аз нухбагони сиёсии Ироқ даъват кард, ихтилофоти худро паси сар гузоранд: “Мо бо ин ки ташкил кардани давлати ҷадидро аз номзади бузургтарин эътилофи парлумонӣ, бародарамон Нурӣ Моликӣ хоҳиш кардем, як анъанаи дигари демократияро, ки дар банди 76-уми Қонуни асосии мо дарҷ шудааст, изофа мекунем. Ин давлат бояд ҳамкории воқеъии миллиро мунъакис карда, набояд касеро истисно кунад. Мо умедворем, ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ дар амри интихоби номзадҳои худ ба узвияти кобина аз усули кордонӣ, ҳирфаият ва ваҳдат кор хоҳанд гирифт.”

Дархости расмии ташкили кобина аз Моликӣ ду ҳафта баъд аз тавофуқи раҳбарони шиъаву суннӣ ва курдҳои ироқӣ дар мавриди тақсими мансабҳои калидист, ки ба Ироқ имкон медиҳад, то 9 моҳ баъд аз интихоботи парлумониаш билохира соҳиби давлати нав шавад. Нурӣ Моликӣ акнун барои ташкили кобина аз ҳисоби номзадҳои гурӯҳҳои мухталиф 30 рӯз фурсат дорад. Ва он ҳам дар як шароит ва фазое, ки хусумати гурӯҳҳои мухталиф ва таҳдиди ба хушунатҳои бештари мазҳабӣ мунҷар шудани ин хусуматҳо болояш соя афкандааст.

Нурӣ Моликӣ ба муҷарради пазируфтани дархости Талабонӣ бо даъват ба ваҳдати миллӣ гуфт, бо дарки мониаҳои мавҷуд дар ин роҳ ба пуштибонии ҳамагонӣ ниёз хоҳад дошт: “Масъулияте, ки ман рӯи шонаҳоям мегузорам, коре соддаву осон нест, ба хусус дар вазъи кунуние, ки мо дар кишвари азизи мо, Ироқ, мушоҳида мекунем. Касе ба танҳоӣ қодир ба иҷрои ин кор нест. Мо бояд дӯшодӯш ҳамкорӣ кунем ва тамоми нирӯҳоро, бидуни истиснои кадоме, барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар кунем ва кишвари худро аз ин марҳалаи буҳронӣ берун бикашем.”

Моликӣ аз куллия ақшори мазҳабиву қавмиву сиёсии мардуми Ироқ даъват кард, баҳсҳои гузаштаи худро канор гузошта, ба хотири манофеъи миллӣ аз як гиребон сар бароранд.

Дархости ташкили кобина аз Моликӣ натиҷаи муомилаи ду ҳафта пештар ба сахтӣ ҳосилшуда муёни гурӯҳҳои рақиби ироқист, ки дар он курдҳо нақши ба истилоҳ “подшоҳсоз”-ро бозӣ карданд ва бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, симати раёсатҷумҳурӣ ба намояндаи курдҳо - Талабонӣ ва раёсати кобинаи вазирон ба намояндаи шиъаҳо - Моликӣ вогузор шуд, вале ҳаққи раҳбарии парлумон ба номзади сунниҳо рафт.

Аммо як чолиши умда барои раҳбари эътилофи шиъагарои Ҳукми қонуни Нурӣ Моликӣ сӯъиэътимоди миёни ӯву рақиби аслиаш – сарвазири собиқ Иёд Алавист. Алавӣ дар интихоботи моҳи март эътилофи Ироқияи асосан иборат аз сунниҳо ва гурӯҳҳои дунявигароро раҳбарӣ мекард, ки дар он раъйгирӣ пешсаф шуд, вале аксариятро дар парлумон ба даст оварда натавонист. Ва акнун муваффақияти Моликӣ аз он вобаста хоҳад буд, ки оё бо ироаи кадом мансабҳои калидӣ эътилофи Ироқияро қаноат хоҳад дод?

Агар сунниҳои ироқӣ ба чунин натиҷа бирасанд, ки онҳоро аз мансабҳои калидӣ маҳрум сохта, аз ироаи як нақши қобили мулоҳиза дар ҳукумат дур нигоҳ медоранд, ин ҳол метавонад боиси баргашти дубора ба марҳалаи хушунатҳои байниқавмӣ шавад. Ба назари аксар, баҳсҳои асосӣ бар сари ду вазоратхонаи муҳими молия ва нафти Ироқ сурат хоҳанд гирифт.

Аз сӯи дигар, маҳз ҳимояти рӯҳонии зиддиамрикоӣ Муқтадо Садр аз Моликӣ дар моҳи сентябр, ки бештар натиҷаи фишори Эрони ҳамсоя буд, курсии сарвазириро барои Моликӣ ҳифз кард. Ва Моликӣ бояд акнун ба ин биандешад, ки оё ба тарафдорони Садр кадом курсиҳоеро дар кобинааш қоил хоҳад шуд.

Он ҳам дар ҳоле ки дидгоҳи ошкоро зиддиамрикоии тарафдорони Муқтадо Садр, равобити онҳо бо Эрон ва собиқаи ташвишзои ин гурӯҳ, ки ҳамеша аз бозигарони асосӣ дар хушунатҳои байнимазҳабии Ироқ будааст, масъалаест, ки дар сурати ироаи курсиҳои кобина ба афроди Садр метавонад обрӯи ин кобинаи нави Нурӣ Моликиро доғдор кунад.
XS
SM
MD
LG