Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ порлумони нав интихоб мекунад


Имрӯз, 7-уми март, 19 миллион шаҳрванди Ироқ, ки ҳаққи интихоб доранд, 352 вакили парлумонашонро интихоб мекунанд.

Шумораи умумии довталабҳо дастикам 6 ҳазор нафар аст. Онҳо ё шомили эътилофҳои қавмию миллианд, ё ҳамчун номзадҳои инфиродӣ пешбарӣ шудаанд.

Даъвогари аслии курсиҳои парлумони Ироқ Эътилофи ҳукмрони нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ маҳсуб мешавад, ки дар интихоботи маҳалии моҳи январи соли гузашта аксари курсиҳоро соҳиб шуда буд. Ин эътилофи ғайримазҳабист.

Рақибони асосии ин эътилоф тарафдорони собиқ нахуствазири кишвар Айяд Алавӣ мебошанд, ки Феҳристи Ироқия ном дошта, андешаҳои миллигароӣ ва ғайримазҳабӣ доранд.

Интизор меравад, муборизаи шадиди номзадҳо ба вижа дар вилояти Киркук сурат бигирад. Дар он ҷо номзадҳои курдӣ, арабӣ ва
“Ман райъ хоҳам дод ва бар зидди терроризм мубориза мебарам. Ба хотири азизонам, ман бояд райъ диҳам”
туркманӣ сабқат хоҳанд кард. Ҳамаи ин гурӯҳҳои қавмӣ даъвогари ҳаққи соҳибии ин вилояти саршор аз захоири нафтро доранд. Курдҳо умедворанд, ки дар оянда ин вилоят ба минтақаи худмухтори онҳо ҳамроҳ хоҳад шуд.

Мавзӯъи дигари ҷолиб – ширкати занхо дар ин маъракаи сиёсӣ хоҳад буд. Тибқи Қонуни асосӣ, чаҳоряки парлумонро бояд занҳо ташкил диҳанд. Зимнан, бонувон ба руйхатҳои ҳамаи ҳизбхо шомиланд.

x
Women Candidates In Iraq
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00


Таҳлилгарон мегӯянд, ширкати мардум дар интихобот ба вазъи амниятӣ ва шароитҳои ҳар як маҳалли мушаххас вобаста хоҳад буд.

Дар ҷараёни маъракаи таблиғотии интихоботи парлумонии Ироқ як таронае пайваста аз тариқи радиоҳои он кишвар садо медод. Дар он ба доир кардани интихоботи одилона алорағми таҳдидҳо даъват мешавад. “Ман райъ хоҳам дод ва бар зидди терроризм мубориза мебарам. Ба хотири азизонам, ман бояд райъ диҳам” – ин аст мӯҳтавои ин тарона.

Сарояндаи ин тарона Мунтазир Ҳанун ан-Нассирӣ мегӯяд, борҳо номзадҳо ба парлумон ба вай маблағ пешниҳод карданд, ки дар сурудаш исми онҳоро зикр кунад, вале ӯ ҳамаи ин пешниҳодҳоро рад кардааст.

Таронаҳо, барномаҳои радиоӣ, ширкат дар барномаҳои телевизионӣ, насби эълонҳои бузургу ранга дар маркази шаҳр ва хиёбонҳои он – аз нишонаҳои маъракаи густурдаи тарғиботӣ буданд.

Iraqs Election Campaign

x
Iraq's Election Campaign
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00
Линки мустақим
Барои нахустин бор сар аз соли 2005, замоне ки суннимазҳабони кишвар интихоботро таҳрим карда буданд, дар Ироқ интихоботи парлумонӣ бо ширкати ҳама аҳзобу қавмҳо баргузор мешавад. Таҳрим натиҷаи хушунатҳои байнимазҳабие буд, ки дар 18 моҳи охир мизонаш каме поин рафтааст.

Таҳлилгарон ин интихоботро санҷиши субот ва пойдории сиёсӣ қабл аз хориҷ шудани артиши Амрико ва ҳампаймононаш аз Ироқ меноманд. Амрико тасмим дорад, ки то охири моҳи август шумораи артишашро дар Ироқ аз 100 ҳазор то ба 50 ҳазор коҳиш диҳад. Тибқи нақшаҳо, 50 ҳазор сарбозу афсаре, ки боқӣ хоҳанд монд, танҳо дар амалиётҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла, тамрини нерӯҳои маҳаллӣ ширкат хоҳанд варзид.
XS
SM
MD
LG