Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Огоҳии расмии вазорати адлия ба ҲНИ


Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як огоҳии расмӣ мақомоти Ҳизби наҳзати исломиро аз идомаи намозгузорӣ дар қароргоҳи ин ҳизб ҳушдор додааст. Мақомот қаблан ҳам адои намоз дар намозгоҳи ҳизбро муғоир бо қонуни нави дини Тоҷикистон хонда, раиси Шӯрои уламои ҳизб Зубайдуллоҳи Розиқро, ки дар инҷо имоматӣ мекард, ҷарима бастанд.
Қарор аст, Шӯрои сиёсии ҲНИ имрӯз дар як ҷаласаи изтирорӣ тасмимаш дар мавриди қазияро ниҳоӣ ва онро дар намози ҷумъа ба намозгузорон эълон кунад. Намозгоҳи ҲНИ танҳо масҷиде дар Душанбе буд, ки дар он занон ҳам ҳаққи адои намози ҷумъаро доштанд. Моҳе пеш қисмати занонаи ин намозгоҳ дар натиҷаи сӯхтор ба коми оташ рафт.
XS
SM
MD
LG