Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой


Нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки бо ширкати Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҷараён дошт, рӯзи панҷшанбеи 25 ноябр бо имзои эъломияи муштарак ва тасвиби тарҳи буҷаи ин созмон барои cоли оянда анҷом ёфт.

Намояндагони Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон ва Муғулистон ҳамчун нозир дар ин нишаст ҳузур доштанд.

Нахуствазирони кишварҳои узв ҳамчунин санади дигареро ба имзо раснданд, ки шароити шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро мушаххас мекунад ва роҳро барои ба тадриҷ пайвастан ба ин ниҳод ҳамвор хоҳад кард.

Нахуствазирони кишварҳои узви ин созмон бо як баёнияи матбуотии кутоҳи Муродбек Имоналиев, дабири кулли СҲШ, иктифо намуданд ва ҳозир нашуданд ба даҳҳо суолҳои хабарнигорон посух диҳанд.

Муборизаи муштараки зидди терроризм ва тундгароӣ, мусоидат ба амнияти имрӯзи Афғонистон, кӯшиши барои коҳиш додани мизони қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳо дар бахши иқтисод, обу энержӣ, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ, пайвастан ба созмони Ҷаҳонии тиҷорат аз нукоти аслие буданд, ки дар суханрониҳои нахуствазирони кишварҳои узв шунида шуд.

Нигарониҳо аз вазъи амнияти Афғонистон


Ба назардошти вазъи печида дар Афғонистон нахуствазири Русия Владимир Путин таъкид кард, ки шароити Афғонистон аз кишварҳои узв тақозо мекунад, таваҷҷуҳи хос ба амнияти ин кишвар дода шавад

Ӯ гуфт: «Вазъе, ки Афғонистон бо он рӯ ба рӯст аз мо тақозо мекунад, ки таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба таҳдидҳо ба амнияти минтақа бидиҳем ва ба масъалаи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир диққат кунем».

Намояндагони Афғонистону Эрон низ ба зарурати мусоидати кишварҳои узви Созмони Шонҳой дар амри оромиву субот дар Афғонистон таъкид карданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазирони кишварҳои узв таъкид кард, дар ҳоле, ки нерӯҳои байналмилалӣ омодагии худро барои хориҷ шудан аз ин кишвар ва ба дӯши ҳукумати Афғонистон гузаштани таъмини амният эълон кардаанд, бояд ба масъалаи таҳкими марзҳо бо Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори афзудани имконоти Маркази зидди террористии СҲШ ба манзури ҳамгунсозии фаъолияти кишварҳои узви ин созмон дар кори мубориза бо зуҳуроти номатбули терроризм, ифортгароӣ ва ҷудоиталабӣ шуд.

Шикояти Оқилов аз Узбакистон

Вале Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, зимни суханрониаш таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба масоили ҳамлу нақли колоҳо, аз ҷумла ба масъалаи интиқоли тронзити мол аз тариқи роҳи оҳани кишварҳои узв ҷалб кард.

Ӯ гуфт: «Вазъ дар мавриди интиқоли молу коло аз тариқи роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳолате расидааст, ки бояд ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Дар ин бахш мушкилоти зиёд пеш омадааст, ки ҳалли ҳатмии худро тақозо мекунад. Истифодаи босамари интиқоли тронзит, густариши сохтори соҳаи нақлиёт ба манфиати ҳамаи кишварҳои узви созмон мебошад.»

Ин ишораи нахуствазир Оқиловро ҳама марбут ба мушкили пешомадаи Узбакистону Тоҷикистон дар бахши интиқоли вагонҳо медонанд. Аммо Оқилов ба таври мушаххас ишора накард, ки таи як соли ахир Тошканд вагонҳои борбари Тоҷикистонро боз медорад.

Аммо Ботир Хоҷаев, муовини нахуствазири Узбакистон, ки дар ин нишаст ба ҷои нахуствазири ин кишвар ширкат дошт, аслан дар масъалаи мавҷуди мушкил дар ҳамлу нақли тронзити вагонҳои Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон ишора накард. Ӯ бо ҳарфҳои умумӣ ба аҳамияти суръат бахшидан ба иҷрои тарҳҳои коммуникатсионӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба манзури истифодаи муассир аз имконоти транзитии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таъкид намуд.

Гилаи намояндаи Эрон

Намояндаи Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ, ки ҳамчун шунаванда дар ин нишаст ширкат дошт, ба масъалаи риоя нашудани уҳдадориҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар чаҳорчӯби созмон ишора кард.

Ӯ гуфт: «Ин дар ҳолест, ки мутаасифона, ҳамкориҳо бар асоси санадҳо ва тасмимҳои ин созмон дар даҳумин Иҷлоси сарони Созмони Шонгҳой дар Тошканд ба руҳи ҳамкорӣ ва ҳамшарикии муштаракот дар амри иҷрои заруроти минтақаӣ ва фазоӣ тафоҳум муғоират дорад».

Муродбек Имоналиев, дабири кулли СҲШ, ки зимни натиҷагирӣ аз кори нишасти раҳбарони ҳукуматҳо ба хабарнигорон гузориш медод, гуфт: «Нишасти Душанбе фаъолияти даҳсолаи созмонро дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳлилу баррасӣ намуда, ба тарҳи буҷа барои самтҳои равобити афзалиятноки кишварҳои узвро барои даҳаи оянда мушаххас карданду тамом».

Ба қавли хабарнигороне, ки ин нишастро дунбол доштанд, хулосаи он бо имзои як эъломия ва тасдиқи буҷаи барои соли 2011 ба анҷом расид, ки зери он аз ҷониби Узбакистон имзои нахуствазири ин кишвар дида намешуд ва дар ин нишаст шарҳ ҳам дода нашуд, ки чаро нахуствазири Узбакистон ба Душанбе наомад.
XS
SM
MD
LG