Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти Афғонистону Покистон зидди нашъа


Афғонистону Покистон имрӯз ба тавофуқ расиданд, ки амалиёти муштаракро дар амри саркӯби гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ба роҳ мемонанд. Тавофуқе дар ин замина дар Исломобод миёни вазирони умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Покистон ва Афғонистон – Арбоб Муҳаммадзоҳир ва Зарораҳмад Муқбили Осмонӣ ҳосил шудааст. Дар ин гуфтугӯҳо инчунин мақомоти Ҳинд ва СММ иштирок карданд. Як мақоме, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо Франс Пресс гуфт, ки ҳадаф аз ин тавофуқ ҳар ду моҳ як маротиба ба роҳ мондани амалиёти муштараки зидди қочоқи маводи мухаддир аст. Ҳанӯз маълум нест, ки мӯҳлати иҷрои тавофуқи нав кай фаро мерасад. То имрӯз ин ду кишвари ҳамсоя бо мақомоти эронӣ ба таври ҷудогона амалиёти идди нашъаро ба роҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG