Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Чин аз машқҳои низомӣ дар Кореяи Ҷанубӣ


Имрӯз ҷумҳурии Чин гуфт, ки аз машқҳои муштараки низомии миёни нирӯҳои ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ, ки баъди бомбборони ҷазира аз ҷониби Кореяи Шимолӣ хабар дода шуд, изҳори нигаронӣ мекунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ҳонг Лей дар Пекин гуфт, ки “мо бо ҳама амале, ки барои ба ҳам зада шудани сулҳу субот дар нимҷазираи Корея равона шудааст, мухолифат мекунем”. Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Сеул гуфт машқҳои муштараки низомие, ки бояд рӯзи якшанбе баргузор шаванд, пайғоми рӯшани нирӯмандии Кореяи Ҷанубиро ирсол мекунанд. Дар айни замон, Сеул гуфтааст, баъди ҳамлаҳои ахири гулӯлаандозҳои Кореяи Шимолӣ, ки ду мулкиву ду низомиро кушта бар ҷой гузошт, тадбирҳои амниятии атрофи панҷ ҷазираро тақвият мебахшад.
XS
SM
MD
LG