Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як генерали милиса дар Русия


Як генерали милисаро дар Русия бо иттиҳоми фасод боздошт кардаанд. Генерал-майор Владимир Чеишвилӣ, раҳбари бахши таъминоти фанниву моддии вазорати умури дохилаи Русия, ба бастани қарордодҳои машкук барои харидани гӯшт ва ба сӯиъиистифода аз мақом айбдор мешавад. Фасодкории ӯ дар ҷараёни таҳқиқоти анҷомдодаи бахши амнияти дохилии худи вазорати умури дохилаи Русия рӯ задааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Чеишвилӣ дар ивази ироаи қарордодҳои бузург барои таъминоти воҳидҳои умури дохила аз ширкатҳои гӯштфурӯш ба маблағҳои бузург пора мегирифт.
XS
SM
MD
LG