Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Ирландия барои бурунрафт аз бӯҳрони молиявӣ


Ҳукумати Ирландия барномаи чаҳорсола ба хотири 15 миллиард евро коҳиш додани масрафоти давлатиро пешниҳод кард. Қарор аст, ки ба ин хотир ҳадди аққали маош коҳиш дода шуда, беш аз 24 ҳазор ҷойҳои кор дар идораву муассисаҳои давлатӣ аз байн бурда шавад. Масрафоти хараҷоти иҷтимоӣ ҳам коҳиш ёфта, ҳамзамон андозҳо барои моликият ва об боло бурда мешавад.
Чораҳои шадиди иқтисодӣ - яке аз шартҳои ироаи кӯмаки молии байнулмилалӣ ба Ирландия аст, ки алҳол ба бӯҳрони шадид молӣ мувоҷеҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG