Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании густардаи мардум дар Португалия


Дар Португалия коршикании умумӣ - бузургтарин дар кишвар баъд аз соли 1988 идома дорад. Коршиканӣ ҳамчун вокуниш ба тасмими ҳукумат барои коҳиши маош, пардохтҳои иҷтимоӣ ва дигар масрафоти давлатӣ аз сӯи ду иттиҳодияи бузурги синфии Португалия ташкил шудаааст. Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ ва даҳҳо парвоз аз фурудгоҳи Лиссабон лағв шудааст, дари бештари муассисаҳо – аз бемористонҳо то бонкҳо бастааст.
Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Португалия шадидтар сохтани низоми молиявиро талаб дорад.
Ба гуфтаи коршиносон, Португалия шояд баъд аз Юнону Ирландия саввумин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо гардад, ки барои берун шудан аз бӯҳрон ба кӯмаки ҷиддӣ ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG