Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал дар сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад


Кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия генерали вазорати умури дохилаи кишвар Владимир Чеишвилиро дар берун аз ваколат пой гузоштан айбдор мекунад. Генерали воломақоми милиса имрӯз дар Маскав боздошт шуд. Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба Кумитаи тафтишот гуфтааст, ки тасмим дар бораи боздошти генерал Чеишвилӣ дар пояи асноди пешниҳодкардаи Раёсати амнияти дохилии вазорати умури дохила гирифта гулааст.
Гуфта мешавад, афсари воломақом, ки раҳбарии маркази таъминоти вазоратро бар ӯҳда дошт, ҳангоми баргузории музоядаҳо оид ба харидории гӯшт барои вазорати умури дохилӣ 12 миллион рублро ба ҷайби худ задаст.
XS
SM
MD
LG