Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Тадич вориди Хорватия шуд


Борис Тадич, раисиҷумҳури Сербия, бо сафари дурӯза вориди Хорватия шуд. Ин сафар - идомаи сиёсати мусолиҳа миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад. Дар музокироти Борис Тадич бо раисиҷумҳури Хорватия Иво Йосипович мавзӯъҳои бозгашти фирориён, ҷустуҷӯи афроди бар асари ҷанги миёни Сербияву Хорватия дар солҳои 90-ум ғайбзада, масоили марзӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Се ҳафта пеш Борис Тадич барои ҷиноёти низомии Сербия дар ҷанги солҳои 90-ум аз Хорватия узр хоста буд. Сербия ва Хорватия талоши вуруд ба Иттиҳодияи Аврупоро доранд ва Брюсел мусолиҳа миёни ин ду кишварро яке аз шартҳои асосии вуруд ба ин ниҳод эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG