Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масимов: Тақсими об мавзӯъи дарднок аст


Карим Масимов, сарвазири Қазоқистон, имрӯз дар форуми иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон дар шаҳри Душанбе ширкат намуд. Ӯ зимни таъсиси Сандуқи сармояҳои мустақими ду кишвар гуфт, кишвараш дар бахшҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва мухобирот дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди имкони баррасӣ шудани мавзӯъи тақсими об дар музокирот бо мақомоти Тоҷикистон Карим Масимов гуфт, ки "мавқеъҳои ҳамоҳангшуда дар робита ба тақсими об масъалаи дарднок аст, вале ман фикр мекунам, мо ба тасмиме мерасем, ки ҳама кишварҳои минтақаро дар ин масъала қонеъ созад".
Сафари Карим Масимов ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой сурат гирифтааст. Ин нишаст фардо, 25 ноябр, дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ мешавад ва ду рӯз идома мекунад.
XS
SM
MD
LG