Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 ҷангии толиб дар Ҳилманд


Бар асари зарбаҳои мушакии ҳавопаймоҳои низомӣ дар ҷануби Афғонистон 16 мусаллаҳи ҷунбиши “Толибон” кушта шуданд. Ба иттилоъи мақомоти вилояти Ҳилманд, дар зарбаи ҳавопаймои НАТО ба бозори мавзеъи Каҷакӣ, ки пинҳонгоҳи толибон маҳсуб мешуд, 13 фарди мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд. Дар дигар мавзеъи ин вилоят бар асари зарбаи мушакӣ се толибе кушта шуданд, ки амалҳои толибонро алайҳи низомиёни афғон ва НАТО ҳамоҳанг мекарданд.
XS
SM
MD
LG