Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои сӯхтор дар бозори "Саховат"-и Душанбе


Сӯхтор дар бозори “Саховат”, яке аз бузургтарин бозорҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шаби гузашта чандин ғурфаи фурӯши мол, хусусан мағозаҳои хӯроквориро нобуд кард, касе талаф нашудааст. Хабарнигори Озодӣ, ки дар ҷои ҳодиса буд, мегӯяд, воҳидҳои сӯхторнишонӣ пас аз 15-20 дақиқа аз оғози ҳодиса ба маҳали сӯхтор расида, хомӯш кардани он тақрибан як соат вақт гирифт. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест. Қаблан бузургтарин бозори молу колои пойтахт - «Корвон» ва бозорҳои “Шоҳмансур» ва маркази тиҷоратии «Наргис» дар Душанбе, дучори ҳодисаҳои мушобеҳ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG