Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Медведев дар мавзӯъи сипари зиддимушакӣ


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба раҳбарони НАТО пешниҳод кардааст, ки ба хотири таъмини дифоъи хубтар аз ҳамлаи мушакӣ қаламрави ин паймони низомии иборат аз 28 кишварро бахш ба бахш тақсим кунанд. Медведев дар анҷоми иҷлоси Шӯрои Русияву НАТО гуфт, ки ӯ низоми “ба истилоҳ бахш ба бахши дифоъи зиддимушакӣ”-ро пешниҳод кардааст. Дар ин иҷлос НАТО тавофуқи Маскав барои ҳамкорӣ дар масъалаи сипари зиддимушакиро ба даст овард.
Рӯзномаи русии “Коммерсант” бидуни бурдани ном аз қавли як дипломати аршад навишт, ки Маскав омода ҳаст, ҳар чизеро, ки тавассути қаламраваш ваё тавассути бахши вобаста ба Русия ба сӯи Аврупо меравад, хунсо намояд. Ӯ афзуда, ки НАТО ҳам бояд ба навбаи худ мушакҳоеро, ки аз тариқи Аврупо ба сӯи Русия меоянд, аз байн бубарад.
XS
SM
MD
LG