Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастани маҷрои Вахш барои "Сангтӯда-2" оғоз мешавад


Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Тоҷикистон, барои такмили сохтмони сарбанди ниругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 дар рӯдхонаи Вахш бастани оби ин рӯдхона 26-ӯми ноябр шурӯъ мешавад. 28-ӯми ноябр маҷрои об комилан баста хоҳад шуд. Дар ин рӯз обро ба нақби обпарто равон мекунанд ва бо як инфиҷор нақбро мебанданд, то об дар обанбор ҷамъ шавад. Дар рӯдхонаи Вахш ҳамчунин ниругоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ ва Сангтӯда-1 сохта шудаанд. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, бастани оби рӯдхонаи Вахш ба фаъолияти ин ниругоҳҳо таъсир намекунад ва интиқоли барқ ба корхонаҳо ва аҳолӣ мисли пешин идома меёбад. Ниругоҳи Сангтӯда-2-ро ширкати "Сангоб"-и Эрон месозад.
XS
SM
MD
LG