Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се фаъоли Ҳизб-ут-Таҳрир дар вилояти Суғд


Хабаргузории “Авасто” мегӯяд, ахиран дар вилояти Суғд 3 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир дастгир кардаанд. Сокини 42-солаи ноҳияи Мастчоҳ Набиҷон Давлатов рӯзи 18 ноябр, вале ду сокини Истаравшан – Шавкат Муҳаммадиев ва Дилшод Мухторов як ҳафта қаблтар боздошт шудаанд. Аз манзили онҳо шуморе аз шабномаҳои Ҳизб-ут-Таҳрир ва ҳам адабиёти, ба гуфтаи мақомот, ифротии мазҳабӣ мусодира шудааст.
Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 манъ шуда, ду сол пеш Душанбе Ҳизб-ут-Таҳрирро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.
XS
SM
MD
LG