Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди салоҳият шудани 21 барандаи интихобот


Аҳмадзиё Рафъат
Аҳмадзиё Рафъат

Куммисиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботии Афғонистон рӯзи 21-уми ноябр хабар дод, ки 21 номзаде, ки бар асоси шумориши муқаддамотии орои интихоботи рӯзи 18 сентябр баранда эълон шуда буданд, акнун ба далели тақаллуб радди салоҳият шудаанд.

Ин дар ҳолест ки бо гузашти беш аз 2 моҳ аз интихоботи парлумонии Афғонистон натоиҷи ниҳоии ин маърака то ҳол эълон нашудааст.

Аҳмадзиё Рафъат, узв ва сухангӯи куммисиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботии Афғонистон мегӯяд, ин 21 номзадро ба иллати “тахаллуфот, истифодаи орои тақаллубӣ ва таъсиру нуфузи мақомоти вилоятӣ”, ки дар маҷмӯъ тақаллуби интихобот баровард мешавад, радди салоҳият кардаанд. Аҳмадзиё Рафъат гуфт, 7 тан аз номзадҳои раддисалоҳиятшуда вакилони парлумони кунунианд. Рӯйхати ин 21 номзад ҳокист, ки онҳо аз саросари Афғонистон намояндагӣ мекунанд ва аксар номзадҳои мустақиланд. Вале дар байни онҳо чанд нафари марбуту наздик ба мақомҳои баландпояи ин кишвар ҳам буда, ки маъруфтаринаш Ҳишмат Халил Карзай, бародарзодаи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай мебошад.

Аҳмадзиё Рафъат, ки дар як нишасти хабарӣ дар Кобул сӯҳбат мекард, гуфт: "19 тан аз номзадони барандаи натиҷаи ибтидоии интихобот ва 2 тан аз номзадони бозандае, ки дорои баландтарин раъй дар миёни бозандагони вилояти марбут буданд, ботил шинохта шуданд. Пактико - Ҳоҷӣ Муҳаммадраҳими Катавозӣ, Вардак - Ҳоҷӣ Ваҳидуллоҳи Калимзай, Форёб - Гулмуҳаммади Паҳлавон, Қандаҳор - Ҳишмат Халили Карзай ва Ниёзмуҳаммад Ҳоҷӣ Амир Лолай, Бадахшон - солинвол Абдурауф, Бағлон -Ҳоҷӣ Ошиқуллоҳ Вафо, Самангон -Алҳоҷ Аҳмадхони Самангонӣ, Ҳирот -Ҳоҷӣ Азизаҳмади Нодим, Муҳаммадмаъруфи Фазлӣ, Аҳмад Ваҳиди Тоҳирӣ ва Саид Муҳаммадшафеъ."

Як далели то кунун эълон нашудани натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии Афғонистон ба тӯл кашидани расидагӣ ба шикоёт аз сӯи куммиссиюни масъули расидагӣ ба чунин шикоёт ном бурда мешавад. Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, то имрӯз аз 6 000 шикояти расида пиромуни интихобот танҳо ба 2500 шикоят расидагӣ карда тавонистаанд ва асосан баррасии он шикоётеро дар авлавият қарор додаанд, ки ба натоиҷи ниҳоии интихобот таъсиргузор будааст. Сухангӯи ин куммиссиюн гуфт, ки боқии шикоёти монда таъсири ҷиддие ба натоиҷи интихобот надорад ва онҳо метавонанд акнун хулосаҳои худро ба дасти Куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон бисупоранд.

Ин иқдом роҳи ин куммисиюнро барои эълони натоиҷи ниҳоии интихоботи рӯзи 18 сентябр боз хоҳад кард.Аммо ин натоиҷ оё кай эълон хоҳанд шуд? Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба дасти онҳо расидани бархе аз хулосаҳои расидагии дафтари расидагӣ бар шикоётро таъйид кар, вале гуфт, куммисиюни интихобот танҳо дар пайи ба дасташ омадани натоиҷи расидагӣ ба тамоми шикоёт натоиҷи ниҳоиро эълон мекунад.

Куммиссиюни интихоботи Афғонистон қаблан 1 миллиону 300 ҳазор райъ, ё тақрибан 11 дарсади ҷамъи орои интихоботи парлумониро ба далели тахаллуфот ботил карда буд. Бархе мӯътақиданд, ки давлати Ҳомиди Карзай бо ба бозӣ даровардани қартаи тахаллуфи интихобот мехоҳад ҳайъати парлумони ояндаро аз бархе вакилони ба назари ӯ ғайриқобилиэътимод поккорӣ кунад. Вале ба бовари дигар нозирони умур, бештар аз ҳама шумори беҳади шикоёт дар бораи тақаллуби интихобот ва тӯл кашидани расидагӣ ба ин шикоёт боис шудааст, ки бо гузашти инак ду моҳ аз интихоботи парлумонии Афғонистон натоиҷи ниҳоии он то ҳол розе сарбамӯҳр боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG