Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши боздошти соҳиби сомонаи Wikileaks


Полиси Шветсия барои боздошти соҳиби сомонаи интернетии Wikileaks Ҷулиан Эссанҷ, ки дар таҷовӯз ба номус гумонбар мешавад, дархости байнулмилалӣ ироа намуд. Дархост баъди он содир шуд, ки додгоҳи Шветсия талаби додситонӣ барои боздошти Эссанҷ ба хотири бозпурсиро пазируфт.
Ду хонум соҳиби сомонаи Wikileaks-ро дар он муттаҳам мекунанд, ки ӯ гӯё ҳангоми сафараш ба Шветсия дар моҳи августи соли равон ба номусашон таҷовуз ваё ба онҳо дастдарозӣ кардааст. Ҷулиан Эссанҷ ин иттиҳомро рад мекунад. Дар сомонаи интернетии Wikileaks садҳо ҳазор асноди сиррии Амрико дар робита ба ҷангҳо дар Афғонистону Ироқ ҷой дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG