Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се кас дар таркише дар корхонаи кимиёвии Чин


Дар шимоли Чин бар асари инфиҷор дар корхонаи кимиёӣ дасти кам се кас кушта ва 37 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории Синхуа, таркиш дар шаҳри Шинчжон, воқеъ дар вилояти Шансӣ, рӯх додааст. Ба гуфтаи табибион, вазъи ду нафар аз осебдидагон сангин аст. Сабабҳои рӯх додани инфиҷор тафтиш мешавад.
Дар ҳамин ҳол сарнавишти 28 ангишткан дар вилояти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин, норӯшан боқӣ мемонад. Хабаргузории Синхуа иттилоъ додааст, ки як кони ангишт дар ин вилоят зери об монд. 13 нафар аз ангиштканҳо ҷойи ҳодисаро тарк намуданд.
Ба иттилоъи расмӣ, имсол дар Чин бар асари ҳодисаҳо дар истеҳсолот ба ҳисоби миёна дар як рӯз 187 ба ҳалокат расидаанд. Сабаби асосии ҳалокати коргарон – риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG