Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластин қатъи шаҳраксозӣ барои яҳудиҳоро талаб дорад


Маҳмуд Аббос, раиси Идораи худгардони Фаластин, изҳор намуд, ки агар Исроил барои бунёди манозил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва дар Байтулмуқаддаси шарқӣ мораторий эълон накунад, фаластиниҳо сари мизи музокирот оид ба мусолиҳа дар Ховари Миёна барнамегарданд. Чанд рӯз қабл ИМА ба Исроил пешниҳод намуд, ки шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдунро барои се моҳ мутаваққиф созад. Ва аммо дар ин пешниҳод аз Байтулмуқадаси шарқӣ ёдоварӣ нашудааст.
Гуфтушуниди мустақим миёни Фаластину Исроил авоили моҳи сентябр шурӯъ шуд ва аммо баъди хатми мӯҳлати моратории бунёди манозил барои яҳудиҳо дар қаламрави ишғолии Фаластин ба бунбаст ворид гардид.
XS
SM
MD
LG