Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи сарони НАТО барои эҷоди сипари ягонаи мушакӣ


Раҳбарони 28 кишвари узви паймони НАТО дар нишасти Лиссабон - пойтахти Португалия барои нахустин бор бар сари эҷоди системи мушакии дифоии муштарак ба тавофуқ расиданд. Системи нави мушакӣ фазои тамоми кишварҳои узви ин паймон аз Аврупо то Амрикоро муҳофизат хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама пас аз тавофуқ бар сари системи нав бо изҳори хушнудӣ гуфт: “Ин системи дифоӣ ба андозаи кофӣ қудратманд аст ва метавонад қаламрави кишварҳои узви НАТО ва ҳамин тавр Иёлоти Муттаҳидаро пӯшиш диҳад. Ин систем ба ҳама муттаҳидон нақш медиҳад ва ба таҳдидҳои даврони мо посух хоҳад дод”.

Амрико сипари мушакии қавии худро дорад ва ба гуфтаи таҳлилгарони бахши низомӣ, ба ҳам овардани системҳои дифоии Амрико ва кишварҳои Аврупо 280 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт.

Ҳадафи аслии эҷоди як системи муштараки дифоӣ ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба кишварҳои узви паймон унҷон мешавад.

Қарор аст имрӯз, 20-уми ноябр, раҳбарони НАТО ба ҳангоми ҳузури Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар ин нишаст аз Маскав барои пайвастан ба ин систем даъват ба амал оваранд. Онҳо мегӯянд, НАТО ва Русия “ба таҳдидҳои монанд рӯбарӯ ҳастанд”.

Агарчи дар нишасти Лиссабон аз ин “таҳдидҳои монанд” мушаххас гуфта нашудааст, вале дар ҷараёни истиқрори сипари дифоии мушакии НАТО дар Аврупои Шарқӣ ҳадафи аслии он муқобила бо таҳдидҳои Эрон эълон шуда буд.

Баҳси ҳузури нерӯҳои НАТО дар Афғонистон

Мавзӯи дигари калидӣ, ки имрӯз дар ҳамоиши Лиссабон баҳсу баррасӣ хоҳад шуд, дурнамои ҳузури нерӯҳои низомии паймони НАТО дар Афғонистон аст.

Интизор меравад, сарони НАТО пешниҳоди раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҷиҳати то поёни соли 2014 ба нирӯҳои афғон супурдани масъулияти таъмини амниятро бипазиранд. Дар остонаи нишасти Лиссабон мақомоти расмии ғарбӣ гуфта буданд, ки нирӯҳои хориҷӣ аз соли оянда хуруҷ аз Афғонистонро оғоз мекунанд.

Дар гузаштаи наздик Ҳомид Карзай аз НАТО дархост карда буд, ки амалиёти низомии шабона бар зидди раҳбарони Толибонро коҳиш диҳанд.

Бо вуҷуди ин, коршиносон бар ин ақидаанд, ки комёбии нируҳои Афғонистон дар ҳифзи амнияти кишвари худ баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба натиҷаҳои музокира бо Толибон низ иртибот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG